Тоҷикистону Ҷопон ҳамкориҳоро дар соҳаи тандурустӣ рушд медиҳанд

1-уми майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Тосихиро Аикӣ ва роҳбари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Имаи Сейдзу вохурӣ намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар доданд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода меҳмононро ба бинои вазорат хайрамақдам гуфта, ба ҷониби Ҷопон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд ва дастгирии пайвастаи соҳа изҳори миннатдорӣ баён кард.

Тавре зикр гардид, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон аз замони ташаккулёбӣ, ки аз соли 1992 ба ҳисоб меравад, то ба имрӯз дар ҳолати рушди пойдор қарор доранд.

Дар ин росто, қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷопон яке аз аввалин шарикон буд, ки дар давраи пандемияи COVID-19 кӯмаки хешро ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон расонид.

Қобили зикр аст, ки ҳамзамон аз ҷониби Сафорати давлати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон филиалҳои Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ» дар шаҳри Хуҷанд, Кӯлоб ва Хоруғ азнавсозӣ карда шуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки баъди азнавсозӣ ва бо таҷҳизот таъмин гардидан филиалҳои болозикр фаъолияти худро самарабахш пеш бурда истодаанд.

Дар ин замина, аз Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дархост карда шуд, ки ҷиҳати таъсис додан ва сохтмони як филиали Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ» дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон мусоидат намояд.

Дар анҷоми вохурӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд меҳмонон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сарфароз гардонида шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE