Дар Душанбе Маркази таълимӣ оид ба рақамикунонии соҳаи сохтмон ва технологияҳои иттилоотию моделсозӣ таъсис меёбад

Байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Корпоратсияи давлатии «Росатом» ва Донишгоҳи давлатии сохтмони шаҳри Москваи Федератсияи Русия машварати муштарак доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо омодагиашонро ҷиҳати таъсиси Маркази таълимӣ оид ба рақамикунонии соҳа ва ҳамкорӣ дар самти таълим ва баланд бардоштани касабияти мутахассисон изҳор доштанд, хабар доданд аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмон.

Нишаст вобаста ба баррасии харитаи роҳ доир ба таҳкими ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои муайяннамудаи Ёддошти тафоҳум, ки 20 октябри соли 2023 байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ ва Корпоратсияи давлатии «Росатом»-и Федератсияи Русия ба имзо расидааст, доир гардид.

Дар ҷаласа инчунин масъалаи омода намудани мутахассисон дар заминаи Донишгоҳи давлатии сохтмони шаҳри Москваи Федератсияи Русия баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо масъалаи таъсиси Маркази таълимӣ оид ба рақамикунонии соҳа ва технологияҳои иттилоотию моделсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE