Мунира Абдусаломова рақиби хешро дар Бозиҳои олимпии Париж -2024 шинохт

Варзишгарбонуи тоҷик Мунира Абдусаломова (+67 кг) дар даври аввали Бозиҳои олимпӣ аз риштаи таеквондо бо намояндаи Фаронса – Алтея Лорен нерӯсанҷӣ мекунад.

Алтея Лорен дар Бозиҳои олимпии Токио -2020 ба гирифтани нишони биринҷӣ ноил шуда буд. Соли 2023 Лорен дар Чемпионати ҷаҳон соҳиби нишони тилло ва дар Чемпионати Аврупо соли 2022 ба гирифтани нишони тилло ноил шудааст.

Ба Мунира Абдусаломова дар ин нерӯсанҷии мушкил муваффақият таманно мекунем

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE