Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи экологии «Бозиҳои тоза» баргузор шуд
Бо иқдоми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар ҶСК Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Наврӯзгоҳ» дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи экологии «Бозиҳои тоза» бо иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишкадаи кӯҳӣ металлургии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни баргузории ин сабқат иштирокчиён 445 кг партовҳоро ҷамъ намуда, дастаҳо аз Донишкадаи куҳӣ металлургии Тоҷикистон ғолиб дониста шуданд.
Чунин мусобиқаи шавқовари экологӣ дар шаҳри Хуҷанд маротибаи аввал буда, шуру шавқ ва дилчаспии иштирокдоронро ба зебоипарастӣ ба табиату муҳити зист афзун менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки ғолибони мусобиқаҳои мазкур барои иштирок ҷиҳати омӯзиш ва фарогирӣ, дар сатҳи зарурӣ гузаронидани чунин чорабиниҳои шавқовар бо усулҳои навтарин, ки ҳавасмандии иштирокдоронро барои тарғиби ҳифзи муҳити зист бештар мегардонад, ба «Ҷоми тозагии Авруосиё» даъват мешаванд.