Исматулло Насредин бо вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Гамбия мулоқот кард
3 майи соли 2024 дар шаҳри Банҷули Ҷумҳурии Гамбия дар ҳошияи Саммити исломӣ мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Гамбия Мамаду Тангара баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро баррасӣ карданд.