Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии СҲШ иштирок кард

20-21 майи соли 2024 дар Остона вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазирон бо тамаркуз ба омодагӣ ба ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо (3-4 июл, Остона) масъалаҳои ҷории рӯзномаи СҲШ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар доираи Созмонро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба мавзуи такмили СҲШ зоҳир гардид.

С. Муҳриддин зимни суханронӣ мавқеи Тоҷикистонро дар робита ба масъалаҳои рӯзномаи кунунии СҲШ бо тамаркуз ба авлавиятҳои кишвар дар Созмон муаррифӣ намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин аз раванди пешбурди масъалаи таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанбе, тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо дар бораи татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ то соли 2030, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, инчунин таъсиси механизми нави ҳамкорӣ дар соҳаи зиддиинҳисорӣ изҳори қаноатмандӣ кард.

Дар интиҳои ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо номгӯи ҳуҷҷатҳо ва қарорҳои Шурои сарони давлатҳо, ҳисобот дар бораи фаъолияти Котиботи СҲШ дар давоми сол ва лоиҳаи ҳисоботи дабири кулл дар бораи фаъолияти Созмонро тасдиқ карданд.

Дар ҳошияи ҷаласа вазирони корҳои хориҷии давлатҳои СҲШ-ро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Раиси Шурои сарони давлатҳои Созмон Қосим-Жомарт Тоқаев ба ҳузур пазируфт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE