Коршиносони Маркази тадқиқоти стратегӣ дар конфронси байналмилалӣ доир ба рушд ва ҳамкории Чин ва Тоҷикистон иштирок намуданд

20 май дар шаҳри Ландҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мавзуи «Рушд ва ҳамкории Чин ва Тоҷикистон» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он коршиносони марказҳои таҳлилию таҳқиқотӣ ва ҳайати омӯзгорону муҳаққиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус аз хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар чаҳорчӯби кори конфронс иштирокчиён доир ба паҳлуҳои васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин табодули афкор намуданд.

Зимни  конфронс аз ҷониби директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва профессори Институти таҳқиқоти Осиёи миёнаи Донишгоҳи Ландҷоу «Маркази омӯзиши Тоҷикистон» ифтитоҳ карда шуд.

Дар қисми ниҳоии конфронс доир ба маърузаҳои пешниҳодшуда байни иштирокчиёни конфронс табодули афкор доир шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE