Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот анҷом дод

24 май дар Ашқобод дар доираи сафари корӣ ба Туркманистон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот анҷом дод, хабар дод АМИТ «Ховар».

Зимни вохӯрӣ Сарвазири Тоҷикистон ба Президенти Туркманистон салому паёми самимӣ ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид.

Ҷонибҳо дар доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра табодули афкор намуданд.

Тарафҳо доир ба ҷонибдории густариши минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва нигоҳ доштани тамоюли мусбати афзоиши бемайлони он сухан гуфтанд. Дар ин росто нақши махсуси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ таъкид гардид.

Ҷонибҳо сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва иқтидори бузурги ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистонро таъкид намуда, ҷонибдориашонро аз рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE