Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Ҳисор майдончаи варзишӣ барои бозии футбол ба истифода дода шуд

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода дар деҳаҳои Ҳисор ва Кончии Ҷамоати деҳоти Ҳисор ду иншоот -майдончаи варзишӣ ва нуқтаи тиббиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд, ки зимни ифтитоҳи майдончаи варзишӣ барои бозии футбол роҳбарияти шаҳри Ҳисор ба наврасону ҷавонон ва варзишгарон ҳадяҳо, аз ҷумла тӯби футбол тақдим намуданд.

Майдончаи варзишӣ дар деҳаи Ҳисор аз ҷониби соҳибкор Икромиддин Баҳодуров бо маблағи беш аз 400 000 сомонӣ бунёд ёфта, ҷавонону наврасон аз деҳаҳои Ҳисор, Иттифоқ, Гулханӣ, Кончӣ ва дигар деҳаҳои ба он наздик имкон доранд дар он ба варзиш, аз ҷумла бозии футбол машғул шаванд.

Бояд гуфт, ки Рӯзи ҷаҳонии футбол бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид.

Ҳамчунин дар доираи корҳои ободонию бунёдӣ дар мамлакат дар деҳаи Кончии шаҳри Ҳисор нуқтаи тиббӣ, ки дар доираи ҳамкорӣ ва муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Қатар бунёд ёфтааст, ба истифода дода шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE