Анҷумани XV навбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон доир шуд
Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар соли 2023 фаъолият ва ҳамкориро бо ҷавонони дар маҳал буда тақвият мебахшад. Бо ин мақсад баргузории як силсила чорабиниҳои маърифатию иттилоотонӣ ва варзишӣ тарҳрезӣ шудаанд. Дар ин бора аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки 8 январ Анҷумани XV навбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, вакилони шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятии Иттифоқ, аъзои ин ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ доир гардид.
Дар кори он иштирокдорон вазифаҳои минбаъда, интихоби ҳайати нави раёсат, интихоби муовини якум ва муовинони раиси Иттифоқ ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр гардид, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз ягон идеалогия ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ вобаста набуда, бо сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва созмонҳои наврасон, ки дар доираи қонун амал мекунанд, робитаҳои мутақобилан судманд ба роҳ мондааст. Инчунин Иттифоқ бо мақсади ташаккули фарҳанги сиёсии ҷавонон тайи солҳои сипаришуда як зумра корҳои фаҳмондадиҳӣ ва семинару конфронсҳоро дар шаҳру ноҳияҳо бо иштироки олимону муҳаққиқони соҳа роҳандозӣ гардидааст.
Намояндагони филиалҳои Иттифоқҳои ҷавонони Тоҷикистон дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе зикр намуданд, ки воқеан, таҷрибаи солҳои охир дар ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва инкишофи устувори ҷомеа танҳо кишварҳое муваффақ гардидаанд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, аз имкониятҳои фаровони ақлонӣ ва ҷисмонии онҳо самарнок истифода мебаранд.