Нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ иҷро шуд. Фаъолияти комиссияҳои даъватӣ то охири моҳи май идома меёбад
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат иҷро шуд, — иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.
Шуруъ аз 1 апрел то 22 майи соли 2024 нахуст Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, баъдан чаҳор навоҳии шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд оид ба иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Артиши миллии Тоҷикистон гузориш доданд.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки агарчӣ нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ иҷро гардида бошад ҳам, бо мақсади баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон фаъолияти мақомоти масъули вобастаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ, яъне комиссияҳои даъватӣ то охири моҳи май идома меёбад.
Тибқи омори мавҷуда, вобаста ба зиёд будани шумораи шаҳрвандони ихтиёрӣ, бахусус муроҷиати ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, ки хоҳиши дохил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро доранд, даъвати имсолаи баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ хуб арзёбӣ карда мешавад.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар шаҳру ноҳияҳое, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо мардум ҳамкории зич ба роҳ мондаанд, монеаю мушкилот дар самти даъват ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба назар намерасад.
Ҳамин аст, ки якуми апрели соли 2024 аллакай тамоми шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Муъминобод, Носири Хусрав дар рӯзи нахустини даъвати баҳорӣ аз иҷрои нақшаи пешбинишуда оид ба даъвату гусели ҷавонписарон ба сафи Артиши миллӣ гузориш доданд.
Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи ҷузъу томи Артиши миллии мамлакат тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат давоми моҳҳои апрел ва майи имсол доир шуд.