Таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» доир шуд

Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон -Ватани азизи ман» Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи Комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҳайати комиссияи озмун — Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар аъзои комиссия иштирок намуданд.

Раиси комиссияи озмун Дилрабо Мансурӣ дар ҷаласа иброз намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» таҳти сарпарастӣ ва назорати қатъии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, зарурати омодагӣ ва баргузории навбатии он дар сатҳи баланд аз сохторҳои марбута ҳисси баланди масъулият тақозо менамояд.

Дар ин робита гуфта шуд, ки бо назардошти талаботи замон ва таҷрибаҳои андӯхта дар Низомномаи озмуни имсола бо пешниҳоди мутахассисони соҳа якчанд тағйирот ворид шуд. Аз ҷумла, ивазсозии номинатсияи композиторӣ ба оҳангсозӣ-бастакорӣ, иштироки шахрвандони давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ё фаъолият доранд, супоридани асарҳои ғолибони даври сеюми Озмун аз номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн ба Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи ичроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таври ройгон қабул намудани ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун ба ихтисосҳои омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбии мамлакат то муҳлати се сол бе супоридани имтиҳонҳо аз қабили ин навгониҳо мебошанд.

Дилрабо Мансурӣ  ҳамчунин иброз дошт, ки бо назардошти соли шашум баргузор гардидани озмун ва андӯхтани таҷрибаю малакаи кофӣ озмуни имсола бояд дар сатҳи баланди ташкиливу эҷодӣ ва бо ислоҳи камбудиву норасоиҳои солҳои қаблӣ доир гардад. Махсусан таваҷҷуҳи асосӣ ба даври якум дода шавад, зеро ташкил ва баргузории ин давр аз бисёр ҷиҳат ба ҷараёни даврҳои минбаъда мусоидат менамояд. Бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва ҳалли саривақтии масъалаҳои бамиёномада бояд дар назди Вазорати фарҳанг ситоди доимамалкунанда аз ҳисоби мутахассисони соҳа ва гурӯҳҳои кории озмун таъсис дода, ҷиҳати гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ, расонидани кумакҳои методӣ, танзими ҷараёни коргузорӣ ва тарғиби ҳадафҳои озмун тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Сипас Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён доир ба ҷараёни омодагиҳо ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» гузориш дода, иттилоъ дод, ки аз ҷониби вазорат нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, ҳайати мутасаддиён аз ҳисоби муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳо ва гурӯҳи корӣ бо ҷалби мутахассисони шинохтаи соҳа таъсис ёфта, корҳои омодагӣ оғоз гардиданд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда инчунин аъзои комиссия изҳори назар намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад.

Мақсад аз баргузории озмун- муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.

Ҳадафи асосии Пешвои миллат аз баргузории озмунҳои «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм- фурӯғи маърифат» ва ғайра, пеш аз ҳама, дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод, донишманд, китобхону сухандон ва тарғиби ҳунару фарҳанг, илму дониш ва китобу китобхонӣ дар байни аҳолии мамлакат аст.

Барои ғолибони ин озмунҳо дар баробари мукофоти пулӣ якчанд  имтиёз низ муқаррар гардидааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE