Дар ҷамоатҳои Воруху Чоркӯҳ ва Чилгазиву Лаккони шаҳри Исфара нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Ҷамоатҳои Воруху Чоркӯҳ ва Чилгазиву Лаккони шаҳри Исфара дар нахустин рӯзи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ нақшаи пешбинишударо сарбаландона иҷро намуданд. Дар ин хусус хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар ҳамаи ҷамоатҳо бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, комиссариати ҳарбӣ, собиқадорон, наврасону ҷавонон ва волидони даъватшавандагон гусели наваскарон ба хизмати Ватан-Модар баргузор гардид.
Дар маркази шаҳр низ ба муносибати гусели даъватшавандагон чорабинии бошукуҳ доир шуда, волидони даъватшавандагон, роҳбарияти шаҳр ва собиқадорони меҳнат ҷавононро ба хизмат гусел намуданд.
Ба ҷавонон гуфта шуд, ки хизмат ба Ватан – Модар рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ буда, роҳбарияти мамлакат барои адои хизмати ҳарбӣ шароити зарурӣ фароҳам овардааст.
Воқеан ҳам, солҳои охир ҷавонони мамлакат хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтихори баланди ватандорӣ ва эҳсоси бузурги худшиносӣ медонанд ва маъракаи даъват ба чорабинии завқбахш, хотирмон ва ифтихорӣ табдил ёфтааст. Аз ҷониби дигар, ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастани ҷавонон падидаи сурурбахш буда, нишонаи он аст, ки ҷавонони мо ба ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ва таҳкими сулҳу осоиштагӣ ҳаматарафа омода мебошанд.
Дар натиҷаи тадбирҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат, бахусус таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохторҳои низомии мамлакат тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.