Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ тақдим намуданд

27 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ тақдим намуданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбиро ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатию рутбаҳои олии ҳарбӣ табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ сипари боэътимод ва ҳомиёни марзу буми сарзамини аҷдодиамон, яъне кафолати истиқлолу озодии давлату миллат, фазои орому осудаи кишвар ва ваҳдату сарҷамъии мардуми шарифи Тоҷикистонро сарбаландона ва ҷавонмардона таъмин карда истодаанд.

“Тоҷикистон беш аз се даҳсола дар сафи пеши мубориза бо хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қарор дорад ва дар пешгирӣ кардани паҳншавии ин хатару таҳдидҳо ба минтақа ва ҷаҳон нақши калидӣ мебозад”, — таъкид доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти мамлакат иброз доштанд, ки сарҳадбонони кишвар дар давраҳои бисёр ҳассоси таърихи давлат ва халқи тоҷик рисолати худро содиқона иҷро намуданд ва ба эътимоду эҳтироми мардуми Тоҷикистон сазовор гардиданд.

Вобаста ба вазъи мураккаби минтақа ва ҷаҳон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ин ҳолат тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсари Қӯшунҳои сарҳадӣ барои ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак ва омода бошад.

Зимни суханронӣ Президенти кишвар бо итминон изҳор доштанд, ки ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳимояи марзҳои муқаддаси Ватани азизамонро минбаъд низ бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ, интизоми намунавӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ ва масъулият дар назди давлат, сарзамин ва ҷомеаи кишвар таъмин хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ хизматчиёни ҳарбии мамлакат аз ҷониби Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ сарфароз гардонда мешаванд.

Ҳамин тавр, ин навбат мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ, бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ хизматчиёни ҳарбӣ бо мукуфотҳои давлатӣ, аз ҷумла ордени Шараф дараҷаи 2, медали Ҷасорат, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозон ва дигар хизматчиёни ҳарбиро ҳамеша барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ, таъмини амнияти давлату миллат бо мукофотҳои давлатӣ қадр мекунанд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи додани рутбаҳои олии ҳарбӣ ба хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гуруҳ хизматчиёни ҳарбии ин ниҳод рутбаҳои олии ҳарбии “Генерал — майор” супорида шуд.

Бо дарназардошти нақши муҳимми Қӯшунҳои сарҳадӣ, давлат ва Ҳукумати мамлакат аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии ин ниҳод то имрӯз бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда барои ташкили асосҳои зарурии моддиву техникӣ, ташаккули сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, бунёду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии иншооти сарҳадӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Инчунин, масъалаи таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисоси марзбонӣ ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Айни ҳол иқтидори ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ аз лиҳози таъминот бо кадрҳои соҳибтахассуси низомӣ ва техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ хеле мустаҳкам гардидааст.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи хизматчиёни ҳарбиии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро барои сазовор шудан бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ шодбош гуфта, онҳоро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ва таъмини амнияту суботи сарзамин  ва ҳифзи марзи давлатӣ ҳидоят намуданд.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ вазифаи бошарафу муқаддаси худро бо садоқат ба Ватан, давлат, миллат ва савганди ҳарбии худ, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ иҷро менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE