BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид
Нашрияи бонуфузи байналмилалии сайёҳӣ Lonely Planet Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» (Best in Travel 2026) ворид намуд. Дар ин хусус Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар медиҳад.
Дар бахши «Hike and wild camping in Tajikistan» ба сайёҳон тавсия дода шудааст, ки аз манзараҳои дилрабои кӯҳӣ, табиати нотакрор ва меҳмоннавозии самимии сокинони маҳаллӣ баҳра бурда, таҷрибаи сафар ба Тоҷикистонро ба саёҳати хотирмон ва илҳомбахш табдил диҳанд.
Нашрияи «Lonely Planet» тақрибан 6 миллион нусхаро фаро гирифта, нишонаи нуфузи васеи он дар соҳаи рӯзноманигории сайёҳӣ арзёбӣ мегардад. Бознашри мақола марбут ба Тоҷикистон тавассути расонаҳои байналмилалӣ, дар мисоли CNN таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба иқтидори сайёҳии кишвар ҷалб намудааст.
Эътирофи байналмилалии Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ башоратдиҳандаи табиати ғанию нотакрор, таъриху фарҳанги куҳан, меҳмоннавозии мардуми тоҷик ва нишондиҳандаи самараи сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти мамлакат дар самти рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Тафсилоти бештар дар сомонаи: htpp://www.lonelyplanet.com/best-in-travel#the-25-best-experiences-in-2026-hike-and-wildcamp-in-tajikistan.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

