Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии ҶДММ «Чавроқ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
20 ноябр дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чавроқ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Коргоҳ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар раванди татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анвар Зафарзода бунёд шуда, дорои хатҳои мусоири истеҳсолӣ мебошад.
Дар коргоҳ дар як рӯз бо коркарди қариб 2,5 тонна ашёи хом истеҳсоли 155 ҳазор адад маҳсулоти тайёри пластикӣ, ки дар шароити имрӯза барои рӯзгори аҳолӣ ва рушди соҳаи саноати кишвар зарурати бештар дорад, истеҳсол карда мешавад.
Ҳоло дар коргоҳ бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда шудааст, истеҳсоли 12 номгӯи маҳсулоти пластикӣ, ба монанди сарпӯшу дастак барои зарфҳои гуногун, қуттӣ барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, масолеҳи ороишӣ ва рангҳои сохтмонӣ, зарфи хурд барои нигоҳдории ғизо, инчунин дигар лавозимоти зарурӣ мутобиқ ба меъёру талаботи бозор ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро барои бунёди чунин иншооти саноатӣ муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон супориш доданд, ки бештар ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани коргоҳ бештар аз 10 нафар бо кор таъмин шуданд.
Дар ин коргоҳ маҳсулоти тайёр тариқи дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба таври автоматӣ амалӣ шуда, кори дастӣ кам ба назар мерасад.
Таъкид гардид, ки мақсади асосии муассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чавроқ» баланд бардоштани сифат, паст кардани нархҳо ва қонеъ гардонидани дархосту ниёзи мизоҷон, тадриҷан ворид шудан ба бозори кишварҳои хориҷӣ мебошад.
Дуюмин иншооте, ки дар ҳамин ҳудуд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, сардхона барои нигоҳдории 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ки аз ҷониби муассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Чавроқ бунёд гардидааст.
Ҳоло дар ин сардхонаи замонавӣ чор намуди ангур нигоҳдорӣ мешавад.
Дар сардхона дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки ҳарорати дохили иншоотро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамояд, насб карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид масъулонро вазифадор карданд, ки барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ аз имконияти чунин сардхонаҳои замонавӣ самаранок истифода бурда, давоми сол сабади истеъмолии шаҳрвандонро бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ғанӣ созанд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.
Гуфта шуд, ки дар давмои 10 моҳи соли равон деқонони вилояти Суғд 364 ҳазор тонна ғалладонагӣ, 743 ҳазору 600 тонна картошка, 651 ҳазору 500 тонна сабзавот, 161 ҳазору 800 тонна полезӣ ва 261 ҳазору 100 тонна мева истеҳсол намуда, ҳамчунун таъминкунандаи бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Алҳол дар ҳудуди вилоят ҷамъоварии давраи тирамоҳии маҳсулоти кишоварзӣ ҷараён дошта, деҳқонон аз фаровонии сабзавоту плезию лӯбиёгиҳо, ки ҳосили кишти такрорӣ аст, изҳори қаноатмандӣ менамоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давоми 10 моҳи соли равон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 22,2 миллиард сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 111,5 фоиз таъмин гардид.
