Сафири Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Лубнон мулоқот кард
3 июни соли 2024 Сарвазири Ҷумҳурии Лубнон Наҷиб Азмӣ Миқотӣ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лубнон Зубайдзода Зубайдуллоро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот масоили вусъат додани робитаҳои судманди Тоҷикистону Лубнон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии хешро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сайёҳию сармоягузорӣ, инчунин дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн иброз доштанд.