Дар Душанбе зери унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон» форуми байналмилалии парламентӣ оғоз шуд

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон тахти раëати муовини сарвазири ТоҷикистонДилрабо Мансурӣ, дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» зери унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон» Форуми байналмилалии парламенти оид ба КБАР 30: оғоз гардид.

Ҳамоишро Маҳмадтоир Зокирзода раиси Мачлиси намояндагони Мачлиси оли Тоҷикистон оғоз намуда, таъкид дошт, ки Форуми байналмилалии парлумонӣ бо мақсади татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши фаъол доштан дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи парлумонҳои ҷаҳонӣ, алалхусус минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором аз чониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешпвад. Дар кори он дар баробари намояндагони воломақоми давлатҳои аъзои Форуми парлумонҳои Осиё оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд (AFPPD), Ассотсиатсияи аҳолӣ ва рушди Осиё (APDA) ва Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид , вакилони парлумонҳои беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷопон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон, Покистон, Беларус, Озарбойҷон, Гурҷистон, Малайзия, Арманистон, Австрия, Босния ва Герсеговина, Молдова, Непал, Руминия ва намояндагони минтақавию кишварии ниҳодҳои байналмилалӣ иштирок доранд.

Дар муарифии рузномаи кори он кайд гардид, дар кори он масоили тавонмандсозии занон, ҷавонон, баробарии гендерӣ, устувории демографӣ, камбизоатӣ, норасоии об ва тағйирёбии иқлим, инчунин роҳҳои ҳалли татбиқи иқтидори пурраи занон тавассути сиёсати оилавӣ, таҳкими шарикӣ ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба Рӯзномаи 2030 ва табодули таҷриба барои баланд бардоштани огоҳӣ ва саҳмгузорӣ оид ба рушди устувор мавриди натичагирию барраси карор хохад гирифт.

Таҳия ва қабули Эъломияи Душанбе, ки дар он амалҳои мушаххаси аз ҷониби вакилони парлумонҳо барои муайян намудани афзалияти устувории демографӣ, баробарии гендерӣ, тавсеаи ҳуқуқу тавонмандиҳои ҷавонон, амнияти об ва амалҳо оид ба тағйирёбии иқлим баҳри ноил шудан ба рӯзномаи Конфронси байналхалқӣ оид ба аҳолӣ ва рушд, инчунин расидан баҲадафҳои рушди устувор аз хадафхои форуми парлумони арзëби гардид.
Иштирокчиёни ҷаласаи парлумонии минтақавӣ ҳамоиши байналмилалии парлумонҳоро баргузор намуда, дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал, Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки фардо дар пойтахти мамлакат доир мешавад, иштирок намуда, маконҳои фарҳангии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисорро тамошо менамоянд.

Т. Сатторов

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE