Дар Душанбе оид ба “Такмили Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда” мизи гирд доир шуд

20 июни соли 2024 дар меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенсӣ” бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID) мизи мудаввар дар мавзуи Такмили Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои кишвар, шарикони рушд ва бахши хусусӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадаф аз баргузории мизи мудаввари мазкур ин ҷамъ овардани ҷонибҳои асосии манфиатдор аз қатори намояндагони вазорату идораҳои кишвар, созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ барои баррасии масъалаи такмил намудани Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 мебошад.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби намояндагони Кумита ва шарикони рушд 3 рӯйнамо пешкаш гардиданд.

– баррасии Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда ва дастовардҳои он;

– аввалин гузориши миллии Тоҷикистон оид ба шаффофият (BTR);

– тақвияти иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи чаҳорчӯби шаффофият дар доираи Созишномаи Париж (CBIT);

Дар кушодашавии чорабинии мазкур намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID) иштирок ва суханронӣ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE