КФО-2021: РАҚИБОНИ ДАСТАҲОИ «РАВШАН» ВА «ХУҶАНД» ДАР МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ МАЪЛУМ ШУДАНД

Дирӯз, 27 январ, дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала Лумпури Малайзия қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО 2021 баргузор шуд, ки рақибони дастаҳои футболи Тоҷикистон РавшанваХуҷандмаълум шуданд. Дар ин бора Федератсияи футболи Точикистон хабар медиҳад.

Барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон – «Равшан»-и Кӯлоб дар гурӯҳи «Е» бо қаҳрамони феълии Қирғизистон – «Дордой»-и Бишкек ва ноиб-қаҳрамони Туркманистон дастаи «Аҳал» қувваозмоӣ хоҳад кард.

Барандаи медалҳои нуқраи чемпионати футболи Тоҷикистон – дастаи футболи «Хуҷанд» дар гурӯҳи «F» дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО – 2021 дастаҳои АГМК (ё ки «Насаф»)-и Ӯзбекистон, «Олтин Асир»-и Туркманистон ва «Олой»-и Қирғизистон бозӣ мекунад.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО – 2021 ба тартиби мутамарказонидашуда аз 14 то 20 май баргузор мегардад. Ғолибони гурӯҳҳо дар бозии ниҳоии минтақавӣ вомехӯранд. Бозии мазкур аз ду вохӯрӣ иборат буда, 11 ва 25 август доир мешавад.

Ёдрас мешавем, ки дар сурати ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО – 2021 роҳ ёфтани дастаи футболи АГМК, дар Ҷоми КФО – 2021 ба ҷои вай дастаи «Насаф» (Қаршӣ, Ӯзбекистон) баромад мекунад. Дар сурати роҳ наёфтанаш ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО – 2021 дастаи АГМК дар Ҷоми КФО – 2021 бозӣ хоҳад кард.

Ҷоми КФО-2021

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи «Е»:

«Равшан» (Тоҷикистон)

«Дордой» (Қирғизистон)

«Аҳал» (Туркманистон)

Гурӯҳи «F»

«Насаф» (Ӯзбекистон)

«Олтин Асир» (Туркманистон)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон)

«Олой» (Қирғизистон)

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE