Ҷаласаи умумии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи умумӣ бо иштироки зиёда аз 20 коршиноси байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид, инчунин кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар медиҳад.

Дар ҷаласа иброз гардид, ки имрӯзҳо Кумита барои беҳтар намудани фаъолияти экологии худ фаъолона кор мебарад ва баррасии натиҷагирии фаъолияти чоруми экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои назаррасро дар ин самт тасдиқ менамояд.

Тоҷикистон аввалин давлате аст, ки баррасии чоруми фаъолияти экологиро анҷом медиҳад. Шарҳи натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист арзёбии пешрафти давлат дар соҳаи мувофиқаи вазифаҳои экологӣ, иқтисодӣ ва риояи уҳдадориҳои байналмилалии ҳифзи табиат мебошад.

Барномаи шарҳи натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба давлатҳо дар беҳтар намудани идоракунии муҳити зист ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти экологӣ мусоидат менамояд; мубодилаи иттилоотро байни кишварҳо оид ба сиёсати экологӣ ва таҷрибаи татбиқи он ташвиқ менамояд; ба ҳамгироии сиёсати экологӣ ва сиёсати соҳавӣ дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт мусоидат менамояд; масъулияти мақомоти давлатиро дар назди ҷомеа ва таҳкими ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ ташвиқ месозад.

Баррасии шарҳи натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти рушди устувор ва ҳифзи муҳити зистро барои наслҳои оянда таъкид менамояд.

Тоҷикистон аз дастовардҳои худ дар соҳаи экологӣ ифтихор дорад ва талошҳои худро барои ба даст овардани муваффақияти боз ҳам бузургтар идома медиҳад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE