ҶОМИ ИТАЛИЯ: НАПОЛИ БОХТ, ВАЛЕ ҒОЛИБ ШУД

Дар даври ¼ниҳоии Ҷоми Италия дастаи“Наполи ”дастаи “Спесия” ро қабул кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи ба номи “Диего Армандо Марадона” баргузор шуд ва бо ҳисоби 4:2 хотима ёфт.

Тақдири ин бозӣ дар нимаи аввал ҳал шуд, зеро “Наполи” ба дарвозаи ҳарифи худ то поёни қисми якум 4 гол зад. Калиду Кулибали (дақиқаи 5-ум), Ирвин Лозано (дақиқаи 20-ум), Маттео Политано (дақиқаи 30-юм) ва Элиф Элмас (дақиқаи 40) голҳоро ба номҳои худ сабт карданд. “Спесия” дар 45 дақиқаи қисми аввал танҳо як зарба ба сӯи дарвозаи ҳариф заду халос.

Дар нимаи дуввум “Наполи” бозии дифокоронаро ишон дод. Дар нимаи дуввуми вохӯрӣ футболбозони дастаи “Спесия” ба дарвозаи “Наполи” ду зарба заданд, ки ҳарду ҳам бо гол анҷом ёфтанд. Аммо ин ду гол ба натиҷаи ниҳоии рақобат таъсире нарасонд.

Дастаи “Наполи” бо ҳисоби 4-2 ғалабаро ба даст оварда тавонист. Дар даври ниманиҳоии С “Наполи”-ро ҳарифи сарсахт, бошгоҳи “Аталанта” интизор аст. Дар ҷуфти дуюмимарҳилаи нимниҳоӣ дастаҳои “Интер” ва “Ювентус” бо ҳам рақобат мекунанд. Бозиҳои якуми даври ниманиҳоӣ санаҳои 3-юм ва 4 – уми феврал ба нақша гирифта шудаанд.

Мижгон РАҲМОНЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE