Дар дербии шаҳри Лондон ғолиб муайян шуд
20-уми апрел, дар варзишгоҳи “Стэмфорд Бриҷ”-и шаҳри Лондон бозии мавқуфмондаи даври 25-уми ПЛА миёни дастаҳои “Челси” ва “Арсенал” баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ меҳмонон бо ҳисоби 2 бар 4 зафар ёфтанд.
Ҳисоби бозӣ дар нимаи аввал кушода шуд. Дар дақиқаи 13-уми бозӣ Эдвард Нкетия – “Арсенал”-ро ба пеш баровард. Бо гузаро шудани 4 дақиқа Тимо Вернер натиҷаро мусовӣ кард.
Ниммуҳофизатгари дастаи “Арсенал” – Смит Роу дар дақиқаи 27-уми бозӣ натиҷаро 2 бар 1 ба фоидаи “сурхпӯшҳо” кард. Сезар Аспликуэта пас аз 5 дақиқа ҳисобро мусовӣ кард. Бо ҳамин натиҷа қисми аввали бозӣ ба анҷом расид.
Дар қисми дуюми бозӣ дастпарварони Микел Артета бозии дастаҷамъона нишон дода, дар дақиқаи 57-ум натиҷаро 3 бар 2 карданд. Эдвард Нкетияи 22 сола ин голро марбути номи хеш кард. Нуқтаи ниҳоиро дар вохӯрии имрӯза дифоъгари 20 солаи дастаи “Арсенал” – Букайо Сака гузошт. “Ашрофзодаҳо” пас аз ин шикаст силсилаи бозиҳои бебохташонро ,ки ба 3 бозӣ барорабар шуда буд, қатъ карданд.
Дар ҷадвали мусобиқа бошгоҳи “Челси” бо доштани 62 имтиёз дар зинаи 3-юм ва дастаи “Арсенал” бошад, дар зинаи 5-ум бо касби 57 имтиёз маскан гирифтааст.