ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбат ба гурӯҳи низомиён ва шаҳрвандони қирғиз парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард

14-17 сентябри соли 2022  хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Қирғизистон бо мақсади халалдор намудани истиқлолият, тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғасб намудани ҳудуди мамлакат аз техникаи ҳарбӣ ва силоҳҳои оташфишони гуногунтамға, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишин ба дидбонгоҳҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва деҳаҳои аҳолинишин, воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Лахш ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд.

Тавре дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, тафтиши пешакӣ муайян кард, ки Ҷумҳурии Қирғизистон қаблан нақшаи ҷанги таҷовузкоронаро бо мақсади ғасби ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ намуда, дар маҳалҳои наздисарҳадӣ ба миқдори зиёд техникаҳои ҳарбии вазнини заминию ҳавоӣ ва шумораи зиёди хизматчиёни ҳарбиро ҷой дода, зиёда аз 140 ҳазор сокинони маҳаллии наздисарҳадии худро пешакӣ аз манзилҳои истиқоматӣ ба дигар минтақаҳо кӯчонидааст ва якбора ба ҳудуди 4 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳуҷуми мусаллаҳона карда, барқасдона хилофи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ба минтақаҳои ғайринизомӣ, аз қабили муассисаҳои таълимӣ, масҷид, беморхонаҳо, мошинҳои ёрии таъҷилӣ, занон, кӯдакон ва аҳолии мулкӣ зарбаҳои ҳалокатовар зад.

Дар натиҷа садҳо хизматчиёни ҳарбӣ ва сокинони осоишта ҷароҳатҳои гуногун бардошта, даҳҳо нафар ҳалок гардидаанд. Ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, иншооти муҳими ҷамъиятиву давлатӣ ва техникаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари зиёд расонида шудааст.

Бинобар ин, аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба гурӯҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон бо дастрасии қисми 2 моддаи 395 (оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона), қисми 2 моддаи 104 (одамкушии ду шахс ё бештар аз он, аз ҷумла вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматӣ; бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок; аз ҷониби гурӯҳи муташаккил; бо нияти ғаразнок, инчунин марбут ба роҳзанӣ ё бандитизм; бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ), қисми2 моддаи 403 (барқасдона вайрон намудани меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар), қисми 2 моддаи 309 (диверсия) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар айни замон гурӯҳи тафтишотӣ-фаврӣ созмон дода шуда, корҳои тафтишӣ давом доранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE