Дар Душанбе истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,4 миллиард сомонӣ баробар гардид

Дар шаш моҳи якуми соли равон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби 783 корхонаи саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,4 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 500 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 123,1 фоизро ташкил намуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода иттилоъ дод.

Иттилоъ дода шуд, ки содироти маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар ин давра ба 3 миллион доллар баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 992 ҳазор доллар бештар мебошад.

Ба гуфти муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, воридот-ивазкунанда ва ба содиротнигаронидашуда ҷиҳати афзоиш ёфтани соҳаи саноати шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2024 заминаи мусоид фароҳам овард.

Изҳор гардид, ки баҳри тамини аҳолии пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи хушсифат 26,1 гектар гармххонаҳо фаъолият менамоянд, ки аз ин 13,9 гектараш доимоамалкунанда ва 12,1 гектари дигар мавсимӣ мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки гардиши савдои хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ 584 миллион долларо ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 32,1 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамзамон дар нишаст таъкид гардид, ки дар моҳи июни соли равон сатҳи таваррум дар сатҳи 1,9 фоиз нигоҳ дошта шуда, содирот 6,7 миллион доллар ва воридот бошад 577,3 миллион долларо ташкил дод.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE