Ду паҳлавони навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби медали тилло гардиданд

Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ ва тарзи озод миёни наврасони соли таваллудашон 2008-2009 дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар рақобатҳои гӯштини юнонӣ-румӣ паҳлавонони навраси тоҷик сазовори ду медали тилло шуданд.

Варзишгарони навраси тоҷик Алишер Рузимадов ва Шерзод Шуҳратзода мақоми аввалро соҳиб гардида, ба ифтихори онҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боло бардошта шуда, Суруди миллӣ садо дод.

Алишер Рузимадов дастпарвари Мактаби махсуси кӯдакон ва наврасони захираҳои олимпӣ оид ба намудҳои гӯштин буда, дар рақобатҳои вазни 68 кг баромад намуд ва бар ҳамаи ҳарифонаш дастболо шуд.

Шерзод Шуҳратзода дар вазни 85 кг медали дуюми тиллои дастаи мунтахаби наврасони тоҷикро ба даст овард.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE