Дар Душанбе масъалаи дарёфти механизми баҳогузории объектҳои моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд

Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон вохӯрии директори муассиса Мирзо Исмоилзода бо Директори Институти ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотии моликияти зеҳнии Федератсия Русия Владимир Лопатин баргузор гардид, иттилоъ доданд аз ин муассиса.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо иҷрои бандҳои созишнома оид ба ҳамкории дуҷониба байни Маркази миллии патенту иттилоот ва Институти ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотии моликияти зеҳнии Федератсия Русияро мавриди баррасӣ қарор дода, нисбат ба иҷрои он андешидани тадбирҳои судмандро ба нақша гирифтанд.

Аз ҷумла, дарёфти механизми баҳогузории объектҳои моликияти зеҳнӣ, омода намудани мутахассисони нархгузорӣ, масъалаҳои ба гарав мондани натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва дигар чорабиниҳо муҳокима шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE