Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: зиёда аз 40 варзишгар дар Бозиҳои олимпӣ ба COVID-19 мубтало шудааст

Зиёда аз 40 варзишгар дар Бозиҳои олимпӣ ба COVID-19 гирифтор шудааст. Дар ин хусус зимни брифинг намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Мария фон Керков изҳор намуд, иттилоъ медиҳад агентии Kazinform бо истинод ба Аzertag.

«Дар моҳҳои охир, новобаста аз мавсим дар бисёр давлатҳо хурӯҷи гирифторӣ ба COVID-19 ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла дар Бозиҳои олимпӣ, ки дар он санҷиши 40 варзишгар мусбат баромад»,- гуфт намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE