Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Ишкошим дастрас гардид
Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Зугванди Ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим тавассути 20 мошини калони боркашонӣ маводи хӯрокворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида шуд. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат барои сокинони аз офати табиӣ зарардида тамоми шароитро муҳайё намудааст. 13 оилае, ки хонаҳояшон пурра вайрон гардидааст, дар истироҳатгоҳи Шабдези ноҳияи Роштқалъа қарор дошта, то сохтмони хонаҳои замонавӣ истиқомат мекунанд.
Тавре қаблан хабар додем, дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо ва баландшавии оби рӯдхонаи деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим 4 август дар ин деҳа сел омад. Дар натиҷаи ин ҳодисаи табиӣ даҳҳо хонаи истиқоматӣ, зиёда аз 4 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ, боғоту замини кишоварзӣ ва дигар инфрасохтори деҳа хароб гардиданд.