Масъалаи ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Кӯлоби Тоҷикистон ва Ҳамадонии Эрон баррасӣ гардид

16-17 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон  Низомиддин Зоҳидӣ  дар вилояти Ҳамадони Эрон бо раиси вилоят Алиризо Қосимӣ Фарзод мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон зарурати фаъол гардонидани робитаҳои гуногунҷанба байни вилоятҳои ду мамлакат, аз ҷумла Хатлони Тоҷикистон ва Ҳамадонии Эронро таъкид намуданд.

Алиризо Қосимӣ Фарзод зарфият ва тавонмандиҳои вилояти Ҳамадонро дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, металлургия, тиб, фарҳанг ва сайёҳӣ таъкид карда, омодагии фаъолони иқтисодии вилоятро барои табодули таҷриба байни мутахассисон, баргузории чорабиниҳои муштараки иқтисодиву тиҷоратӣ ва густариши ҳамкории дуҷониба изҳор намуд.

Зимни вохӯрӣ инчунин масъалаҳои фаъол намудани робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Ҳамадон ва Кӯлоб баррасӣ гардида, шахсияти ориф ва мутафаккири бузург Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ба унвони ҳалқаи пайванди ин ду шаҳри бостонӣ таъкид гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE