Дастаи футболи “Вахш”-и шаҳри Бохтар Тоҳирҷон Муъминов қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонд

Дастаи футболи “Вахш”-и шаҳри Бохтар бо мутахассиси тоҷик – Тоҳирҷон Муъминов қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонд.

Акнун мутахассиси 54-сола ба ҳайси сармураббӣ дастаро ба мавсими нав омода мекунад.

Бояд қайд кард, ки дар ин мансаб қаблан ҳам – соли 2008 Тоҳирҷон Муъминов фаъолият дошт.

Мавсуф дар соли 2023 соҳиби ҷоизаи махсуси Федератсияи футболи Тоҷикистон гардида, яке аз мураббиёни беҳтарини тоҷик эътироф гардид.

Тоҳирҷон Муъминовро ба даста хайрамақдам гуфта, барояшон дар фаъолияти минбаъда комёбӣ таманно дорем.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE