Аввалин хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз ҳисоби шаҳрвандони Покистон соҳиби диплом шуданд

17 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки аввалин хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино мебошанд, дипломҳоро тақдим намуд. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Таъкид гардид, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино яке аз марказҳои бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар омода намудани кадрҳои тиббӣ саҳми назаррас мегузорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE