Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон дар заминаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ, пеш аз ҳама, дар фаъолияти Ассамблеяи Парлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Ахдномаи амнияти дастҷамъӣ ҳамкории хуб ва муносибатҳои самимию дӯстона ба роҳ монда шудааст.

Маҳмадтоир Зокирзода баён дошт, ки «мо тарафдори ҳамкории фаъоли мақомоти қонунгузории ду давлат ҳастем. Мубодилаи сафарҳо дар сатҳҳои гуногун, иштирок дар чорабиниҳои гуногун, инчунин муколамаи ошкоро оид ба масъалаҳои доғи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба мо имкон медиҳад, ки робитаҳои байнипарлумонӣ таҳким ёбанд».

Иброз гардид, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодаи таъмиқи ҳамкорӣ бо Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории дуҷониба  баррасӣ гардиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE