Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Бунёди “Маориф аз ҳама боло”-и Давлати Қатар мулоқот кард

21 август соли 2024 вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо директори генералии Бунёди “Маориф аз ҳама боло” Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои рушди робитаҳои иҷтимоию гуманитарии ду кишвар, аз ҷумла таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи илм ва маориф, аз қабили сохтмони биноҳои муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE