Китоби «Суманак»-и Ҷонибек Асрориён дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чоп шуд


      
Китоби нави муҳаққиқи тоҷик, номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷонибек Асрориён бо унвони «Суманак – ғизои озодагон», ки соли 2026 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби нашриёти «Адиб» ба табъ расидааст. Дар ин бора аз ДМТ хабар доданд.

Асари мазкур ба омӯзиши яке аз суннатҳои бостонӣ ва рамзҳои муҳими фарҳанги наврӯзии тоҷикон — суманак бахшида шудааст.

Ҳадафи асосии китоби «Суманак – ғизои озодагон» омӯзиши ҳамаҷонибаи суннати суманакпазӣ ҳамчун як падидаи фарҳангии бостонӣ мебошад. Муаллиф кӯшиш кардааст, ки суманакро на танҳо ҳамчун ғизои анъанавӣ, балки ҳамчун унсури муҳими фарҳанги миллӣ ва ҷузъи таркибии ҷашни Наврӯз таҳлил намояд.

Ин китоб дар роҳи омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангии тоҷикон саҳми арзанда мегузорад ва метавонад ҳамчун манбаи муҳими маълумот дар бораи суннатҳои мардумӣ хизмат намояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE