Дар Академияи идоракунии давлатӣ таҳти унвони «Истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ- назариявӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Даврон Сафарзода иброз намуд, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор, номусу нанг, рамзи ҳастии миллати бостонӣ, соҳибихтиёриву соҳибдавлатии тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.
Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов ёдовар шуд, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд. Фарзанди баору номуси тоҷик дар роҳи таҳкими арзиши соҳибистиқлолӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба мамлакати амну осоишта ва сулҳофар ҳастии худро фидо намуданд. Маҳз бо ташаббусу кордонии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат тантана намуд ва Тоҷикистон бо ба даст овардани осоиштагии сиёсӣ ба пайроҳаи ободкориву бунёдкорӣ қадам ниҳод.
Иштирокдорон Истиқлоли давлатиро заминаи рушди давлатдории миллӣ арзёбӣ намуданд. Иброз гардид, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат ислоҳоти куллии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба амал оварда шуд. Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ рушди маориф, илму фарҳанг дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон самти афзалиятнок эълон гардид.
Файзи Истиқлол Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун мамлакати мустақилу ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуд. Имрӯз Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро зиёда аз 180 мамлакати дунё расман эътироф намудаанд, ки ин нишонаи возеҳи Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ шуруъ аз 4 то 12 сентябр конференсияҳои илмӣ-назариявӣ баргузор мегарданд.