Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Ҳафткӯл ниммарафони кӯҳии ЭКО гузаронида мешавад
Бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 сентябр дар мавзеи Ҳафткӯл, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон дар масофаҳои 3, 10 ва 21 км ниммарафони кӯҳии ЭКО гузаронида мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ниммарафони кӯҳии ЭКО бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва Ассотсиатсияи дав ва марафонҳои Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ҳадафи асосии ниммарафони кӯҳии ЭКО баланд бардоштани маърифати экологӣ, оммавӣ гардонидани давидан ва рушди варзиши оммавӣ, рушди сайёҳии варзишӣ, муттаҳидсозии ҷавонон тавассути варзиш, омода намудани давандагон ва варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.