Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.

Президенти Қазоқистон дар оғози суҳбат Пешвои миллатро бо ҷашни зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба Сарвари давлати мо саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд.

Дар ин зимн таъкид гардид, ки ҷониби Қазоқистон ба шахсияти Сарвари давлати мо ҳамчун арбоби барҷастаи давлатии миқёси байналмилалӣ ва дӯсти боэътимоде, ки дар рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон саҳми таърихӣ гузоштаанд, эҳтиром мегузорад.

Дар ҷараёни суҳбат Сарони давлатҳо атрофи раванди бемайлони таҳкиму тавсеаи ҳамкории ҷории Тоҷикистону Қазоқистон изҳори назар карда, масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишварро дар чорчӯбаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ баррасӣ намуданд.

Ду ҷониб идомаи муколамаи сатҳи олӣ ва баланд, инчунин, саъю талошҳои муштараки самарабахшро ба хотири таъмини густариши минбаъдаи равобит дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳ ба манфиати мардумони ба ҳам бародари Тоҷикистон ва Қазоқистон арзёбӣ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE