Сафири Тоҷикистон бо вакилони Думаи давлатии Россия мулоқот намуд

22 декабр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо вакилони Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Москва хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо аҳамияти муносибатҳои байнипарламентиро, ки тибқи анъана дӯстона буда, дар рӯҳияи шарикии стратегии ду кишвар густариш меёбанд, зикр карданд. Тарафҳо доираи васеи масъалаҳои муҳими муносибатҳои Тоҷикистон ва Россияро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла  иқтисод, тандурустӣ, маориф ва илм, фарҳанг, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 5 декабр дар шаҳри Москва дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот намуданд.

Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентии ду кишвар баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки мулоқоту суҳбатҳои роҳбарони ду давлат ба раванди рушди мунтазами ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, инчунин таҳкими заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамоянд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Москва

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE