Байни табибони Тоҷикистон дар Эрон даври омӯзишӣ баргузор мешавад

Байни табибони Тоҷикистон ва  Эрон даври омӯзишӣ ва табодули таҷриба гузаронида шуда, то 17 октябр идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

24 табиби тоҷик барои омӯзиш ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафтанд. Давраи омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, табодули таҷриба байни роҳбарони соҳаҳои тандурустии Эрон ва Тоҷикистон оид ба масоили кумаки аввалини тиббию санитарӣ (КАТС) гузаронида мешавад.

Табибони тоҷик дар даври омӯзишӣ бо сохторҳои идоракунӣ, қоидаҳо ва нақши давлат дар таъмини дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ шинос мешаванд. Ин ба  табибони тоҷик имконият медиҳад, ки таҷрибаи идоракуниро баррасӣ намуда, самтҳои беҳбуди сиёсати тандурустии Тоҷикистонро муайян намоянд. Даври омӯзишӣ ва табодули таҷриба байни табибони Тоҷикистон ва  Эрон 6 октябр оғоз гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE