Кишоварзони вилояти Хатлон дар 8 ҳазор гектар картошка кишт менамоянд

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон имсол дар 8 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад. Дар ин хусус аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, барои шинонидани картошкаи барвақтӣ дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон истифодаи тухмие зарур аст, ки аз ноҳияҳои кӯҳӣ оварда ё тобистон кошта шуда бошад. Ин гуна лӯндаҳои картошка ба касалӣ тобовар буда, серҳосил мебошанд. Дар вақти шинонидани картошка  бояд лӯндаҳои солим, безахм ва дорои андозаи миёна (60-80 грамм)-ро интихоб кард.

Дар ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус кишти картошка идома дорад. Кишоварзон бо истифода аз тавсияи олимон қоидаҳои агротехникиро пурра риоя менамоянд.

Картошкапарварӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ маҳсуб мешавад. Он барои таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ, афзун гардонидани имконияти содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолии деҳот аҳамияти калон дорад. Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзии мамлакат, пешрафти ояндаи соҳаи картошкапарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ташкил намудани низоми илман асосноки тухмипарварӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ вобаста аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни зироати кишоварзӣ картошка аз рӯйи истеҳсоли маҳсулот, ҳосилнокӣ ва самтҳои истифода ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Бо назардошти аҳамияти калони ғизоӣ, иқтидори баланди ҳосилнокӣ ва самараи баланди иқтисодӣ картошкаро дар заминҳои обӣ ба таври васеъ парвариш мекунанд. Ҳосили баланди картошка асосан аз заминҳои обёришавандаи минтақаҳои кӯҳии мамлакат  рӯёнида мешавад. Картошка дар таъмини талаботи аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва ба даст овардани даромади иловагӣ нақши калон дорад. Бинобар салқин будани ватани картошка ва ба чунин шароит мутобиқ будани он барои рӯёнидани ҳосили баланди ин зироат мавзеъҳои иқлимашон муътадилу сербориш интихоб карда мешаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE