Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Лаҳистон доир шуданд

7 октябр дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Лаҳистон доир гардид, хабар доданд аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар машваратҳо ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва  Лаҳистонро баррасӣ намуда, оид ба масъалаҳои муҳими дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, саноат, тандурустӣ, логистика, илму маориф ва амниятӣ табодули афкор анҷом доданд.

Дар марҳилаҳои навбатӣ бо мақсади муаррифии ҳарчи бештари зарфияти иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва инчунин захираҳои фаровони неруи «сабз»-и Тоҷикистон бобати танзими ҳамоиши иқтисодӣ барои доираҳои ҳавасманди лаҳистонӣ тавофуқ ҳосил гардид.

Тарафҳо инчунин масоили мубрами дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE