Баргузории Форуми миллӣ оид ба шарҳи ихтиëрии маҳаллии “Душанбе – ояндаи ҳушманд ва устувор”

Имрӯз дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенси”-и шаҳри Душанбе Форуми миллӣ оид ба шарҳи ихтиëрии маҳаллии “Душанбе – ояндаи ҳушманд ва устувор” баргузор гардид. Дар кори он намояндагон аз вазорату кумита, муассиса ва идораҳои давлатӣ, корпусҳои дипломатӣ, шарикони рушд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Форуми мазкурро Абдураҳмон Абдураҳмонзода – муовини раиси шаҳри Душанбе оғоз намуда оид ба корҳои анҷомдодаи мақомоти иҷроия дар доираи Барномаи “Рушди ҳадафҳои устувор барои солҳои то 2030” -и СММ маълумот дод. Дар идомаи форум дигар намояндагони мақомот ва шарикони рушд маъруза намуда тамоми бахшҳои ҳаëти иқтисодӣ ва иҷтимоии пойтахти мамлакатро дар доираи ин ҳадафҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE