Заҳмати беш аз 2000 нафар кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорони вилояти Хатлон қадрдонӣ гардид
Заҳмати беш аз 2000 нафар омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷониби Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ ва Раёсати маорифи вилояти Хатлон мавриди қадрдонӣ қарор гирифт, иттилоъ доданд дар маркази матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Қадрдонии заҳмати омӯзгорон бо дастури Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, дар он як гурӯҳ омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи таҷрибадор ва нафароне, ки дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ дастовард доштанд, иштирок намуданд.
Ҳамзамон омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи зиёде аз шаҳру ноҳияҳо барои гирифтани унвонҳои «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар унвонҳо пешниҳод карда шудаанд, ки дар арафа ва баргузории ҷашнҳои муҳими милливу давлатӣ мукофотонида мешаванд.
Тибқи таҳлили коршиносони соҳа, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии заҳмати омӯзгорон нисбат ба солҳои қаблӣ ба маротиб афзуда, омӯзгорони пуртаҷриба мавриди дастгирӣ қарор гирифта истодаанд.