Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-Фурӯғи маърифат»
Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-Фурӯғи маърифат» баргузор шуда истодааст. Дар он ғолибони даврҳои қаблӣ, ки дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо озмуни мазкурро гузаштаанд, иштирок доранд.
Дар даври чоруми озмун иштирокчиён бояд донишҳои назариявии худро оид ба фанҳои риёзӣ, табиатшиносӣ ва фанҳои техникӣ нишон диҳанд, инчунин ихтироъкорӣ ва навовариҳои худро муаррифӣ кунанд. Ғолибони ин давр имтиёзҳои махсус мегиранд: онҳо метавонанд бе супоридани имтиҳонҳо ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ қабул шаванд.
Ёдовар шудан ба маврид аст,ки Шоҳҷоиза 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Мақсади асосии озмун, ҳамзамон, ҷалби ҷавонон ба таҳсил дар соҳаҳои илмҳои дақиқ ва техникӣ мебошад.
Гузориши ҳамкорамон Шарофиддин Каримов.