Нақши комиссияи олии аттестатсионӣ дар таъмини соҳибистиқлолии илмии Тоҷикистон


Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи милли Тоҷикистон дар мавзуи “Нақши комиссияи олии аттестатсионӣ дар таъмини соҳибистиқлолии илмии Тоҷикистон” ҳамоиши илмӣ- амалӣ доир гардид. Дар кори он намояндагон аз дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи милли илмҳо, вазорату кумита ва олимону устодон ширкат намуданд. Дилрабо Мансурӣ -муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд. Номбурда аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро ба 10 – солагии таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Дар идомаи ҳамоиш дигар олимон дар мавзуҳои гуногуни марбут ба соҳаҳои ҳаëтан муҳими иқтисодии мамлакат маърузаҳо намуда, иҷрои ҳадафҳои олии мамлакатро мавриди омузишу баррасӣ қарор доданд.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE