Дар Душанбе оид ба маъмурикунонии андоз ва замимаи мобилии ҳуҷраи шахсии шахсони воқеӣ машварат доир шуд

 Дар Душанбе дар мавзуъҳои маъмурикунонии андоз  аз арзиши иловашуда ва тартиби истифодаи замимаи мобилии ҳуҷраи шахсии шахсони воқеӣ машварат баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Машварат аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии андози Русия ташкил шуд.

Намояндагони Хадамоти федералии андози Русия тартиби истифодаи системаи автоматикунонидаи назорати андоз аз арзиши иловашуда ва замимаи мобилиро, ки таҳия намудаанд, дар шакли рӯнамо ба иштирокчиён пешниҳод намуданд.

Иброз гардид, ки системаи автоматикунонидаи назорати андоз аз арзиши иловашуда дар асоси маълумоти ҳисобнома-фактураҳо ва эъломияҳои андозсупорандагон графҳои иттилоотии бо ҳам алоқамандро ташаккул медиҳад. Тавассути ин графҳо муносибатҳои молиявии андозсупорандандагон муайян шуда, ба пешгирии иҷро нагардидани қонунгузории андоз мусоидат менамояд. Ҳамчунин он ба дигар истифодабарандагони манфиатдор барои омӯхтани маълумоти иловагӣ оид ба андозсупорандагон ва ҳисоботдии онҳо дар ин система бе гузариш ба дигар манбаъҳои иттилоотӣ имконият медиҳад.

Замимаи мобилӣ дар ду платформаи мобилӣ-Android ва  iOS татбиқ мегардад ва вазифаҳои зерин, аз ҷумла бақайдгирӣ дар утоқи шахсӣ, ворид шудан ба система тавассути рамзи махфӣ ё бо истифода аз маълумоти биометрӣ, шинос шудан бо паёмҳои Кумитаи андоз, кор кардан бо ҳисобкунаки андоз, шиносоӣ бо маълумот оид ба амволи шахси воқеӣ ва дигар имкониятҳоро  амалӣ менамояд.

Дар машварат иштирокдорон мубодилаи афкор намуданд. Иброз гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, андозсупорандагон ва шарикони рушд сиёсати андоз ва маъмурикунонии андоз дар Тоҷикистон давра ба давра беҳтар гардида, барои самаранок татбиқ намудани назорати андоз, пешниҳод намудани хизматрасонии босифат ба андозсупорандагон ва васеъ намудани манбаи андоз дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз барои расонидани кумаки беподошти техникӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби Федератсияи Русия чорабиниҳо амалӣ шудаанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE