Масъалаҳои татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ дар Колумбия баррасӣ шуданд

Масъалаҳои татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба гуногунии биологӣ ва санадҳои он дар Тоҷикистон, инчунин якчанд иқдоми марбута зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Котиби иҷроияи Котиботи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ хонум Астрид Шомакер дар ҳошияи Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ (COP16), ки дар шаҳри Калии Колумбия доир гардид, баррасӣ шуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо татбиқи лоиҳаи глобалии «Дастгирии амалҳои пешакӣ оид ба Чаҳорчӯбаи гуногунии биологӣ»-ро, ки ба арзёбии стратегияҳои қаблии гуногунии биологӣ ва муайян намудани ҳадафҳои нав мутобиқи «Чорчӯбаи глобалии гуногунии биологии Кунминг- Монреал барои давраи то соли 2030» нигаронида шудаанд, баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон масъалаҳои лоиҳаи таҷдиди стратегияи миллӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба гуногунии биологӣ ва омодасозии коммуникатсияи 7-уми миллӣ, ки оғози татбиқи он то соли 2025 пешбинӣ шудааст, матраҳ шуданд.

Аз ҷониби Баҳодур Шерализода ҳамчунин масъалаҳои татбиқи ташаббусҳо дар соҳаи ҳифз ва истифодаи устувори захираҳои ирсӣ ва таъмини амнияти биологӣ дар доираи протоколҳои ин конвенсия мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд.

Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо шуда, ин протоколро ба тасвиб расонид ва оид ба таҳкими сиёсат ва зарфияти институтсионалии идораҳои дахлдор якчанд ташаббусро амалӣ намуд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE