ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 30-юми октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гашт, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, собиқ раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фотеҳ Қувватзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва марказҳои тиббию табобатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гашт.
Баъдан, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода бо сухани табрикотӣ баромад карда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод гуфт.
Тавре зикр гардид, Истиқлолу озодӣ, Ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ, Забони давлатӣ, Парчам ва Конститутсия ҳамчун шаш рукни ҳастӣ ва шаҳсутунҳои кохи бунёди Тоҷикистони азизу навин ба мардуми мамлакат хатти саодату башоратро нишон доданд. Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон ба Конститутсия ҳамчун ба рукни муқаддаси миллӣ, санади сарнавиштсоз ва шаҳкитоби бахту саодат муносибат намуда, сӣ сол инҷониб дар партави татбиқи меъёрҳои он баҳри таъмини ҳаёти хушбахтонаи оилавӣ ва фардои дурахшони сарзамини аҷдодӣ саъю талош менамоянд.
Бо назардошти нақш ва мавқеи Конститутсия дар ҳаёти ҷомеа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон изҳор доштанд, ки «Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад. Халқе, ки дар замираш тухми бунёдкорӣ ва созандагӣ сабз шудааст, ба ояндаи нек умед баста метавонад. Конститутсияи кишвари мо аз замири халқ рӯидааст, он моро ба ояндаи неку ободу озоди демокративу ҳуқуқбунёд раҳнамоӣ мекунад”,
Дар ҳамин замина, бояд қайд кард, ки нақши Конститутсия дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ хеле муҳим арзёбӣ мегардад, ки он на танҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ҳимоя, балки уҳдадориҳои давлатро барои таъмини саломатии аҳолӣ муқаррар мекунад. Меъёрҳои конститутсионӣ ба ташаккули системаи одилона ва муассири тандурустӣ мусоидат мекунанд, ки дар маҷмӯъ асоси некӯаҳволии ҷомеаро ташкил медиҳад.
Маҳз Конститутсия ба таъмини озоду ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла озодии сухан, озодии виҷдон ва амсоли онҳо чун қонуни асосӣ кафолат медиҳад. Меъёрҳои конститутсионӣ ҳамзамон метавонанд ҳуқуқҳои беморонро, аз ҷумла ҳуқуқи розигии огоҳона, ҳуқуқи махфияти маълумоти тиббӣ ва ҳуқуқи қабули қарорҳо дар бораи табобати онҳоро ҳимоя кунанд. Ин ҳуқуқҳо ба системаи ахлоқӣ ва масъулиятнокии тандурустӣ мусоидат мекунанд.
Мусаллам аст, ки таҷлили 30-солагии қабули Конститутсия боз як фурсати мувофиқ аст, ки мо дар бораи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии худ мулоҳиза ронем. Дар ин роҳ Конститутсияи давлати озоду соҳибистиқлоламон роҳбаладу роҳнамои мост.
Ҳамзамон дар чорабинии идона собиқ раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода низ бо сухани табрикотӣ баромад карда, кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакатро ба ифтихори 30-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, доир ба ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз андешаҳои хешро баён кард.
Дар идомаи чорабнии идона барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки ҳунарманди шинохтаи мамлакат пешниҳоди ҳозирин карда шуд.