Мулоқоти Исматулло Насредин бо ҳайати Ассамблеяи парлумонии САҲА

30 октябри соли 2024 мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо ҳайати Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз Дания барпо гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистону САҲА-ро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар карданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE